Агар Шароб Хӯрӣ, Ҷуръае Фишон Бар Хок,

Агар шароб хӯрӣ, ҷуръае фишон бар хок,
Аз он гуноҳ, ки нафъе расад ба ғайр, чӣ бок?
Бирав, ҳар он чӣ ту дорӣ, бихӯр, дареғ махӯр,
Ки бедареғ занад рӯзгор теғи ҳалок.
Ба хоки пои ту, эй сарви нозпарвари ман,
Ки рӯзи воқеа по вомагирам аз сари хок.
Чи дӯзахӣ, чи биҳиштӣ, чи одамӣ, чи парӣ,
Ба мазҳаби ҳама куфри тариқат аст имсок.
Муҳандиси фалакӣ роҳи дайри шашҷиҳатӣ
Чунон бибаст, ки раҳ нест зери дайри мағок.
Фиреби духтари раз турфа мезанад раҳи ақл,
Мабод то ба қиёмат хароб торуми ток.
Ба роҳи майкада, Ҳофиз, хуш аз ҷаҳон рафтӣ,
Дуои аҳли дилат бод мӯниси дили пок.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.