Агар Ту Форигӣ Аз Ҳоли Дӯстон, Ёро!

Агар ту форигӣ аз ҳоли дӯстон, ёро!
Фароғат аз ту муяссар намешавад моро!
Туро дар ойина дидан ҷамоли талъати хеш
Баён кунад, ки чӣ будаст ношикеборо!
Биё, ки вақти баҳор аст, то ману ту ба ҳам
Ба дигарон нагузорсм богу саҳроро!
Ба ҷои сарви баланд истода дар лаби ҷӯй
Чаро назар накунӣ ёри сарвболоро?
Шамоиле, ки дар авсофи ҳусну таркибаш
Маҷоли нутқ намонад забони гӯёро.
Кӣ гуфт: «Дар рухи зебо назар хато бошад?»
Хато бувад, ки набинанд рӯи зеборо!
Ба дӯстӣ, ки агар заҳр бошад, аз дастат
Чунон ба завқу иродат хӯрам, ки ҳалворо!
Касе маломати Вомиқ кунад ба нодонӣ,
Ҳабиби ман, ки надидаст рӯи Узроро!
Гирифтам оташи пинҳон хабар намедорӣ,
Нигоҳ менакунӣ оби чашми пайдоро?
Нагуфгамат, ки ба ягмо равад дилат,
Саъдӣ, Ки охире бувад, охир, шабони ялдоро!
Ҳанӯз бо ҳама дардам умеди дармон аст,
Ки охире бувад, охир, шабони ялдоро!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.