Агар Равам Зи Паяш, Фитнаҳо Барангезад,

Агар равам зи паяш, фитнаҳо барангезад,
В-ар аз талаб биншинам, ба кина бархезад.
В-агар ба раҳгузарӣ як дам аз вафодорӣ,
Чу гард дар паяш афтам, чу бод бигрезад..
В-агар кунам талаби ним бӯса, сад афсӯс,
Зи ҳуққаи даҳанаш чун шакар фурӯ резад.
Ман он фиреб, ки дар наргиси ту мебинам,
Бас обрӯй, ки бо хоки раҳ баромезад.
Фарозу шеби биёбони ишқ доми балост,
Куҷост шердиле, к-аз бало напарҳезад?
Ту умр хоҳу сабурӣ, Ки чархи шӯъбадабоз
Ҳазор бозӣ аз ин турфатар барангезад.
Бар остонаи таслим сар бинеҳ, Ҳофиз,
Ки гар ситеза кунӣ, рӯзгор бистезад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.