Агар Маро Ту Нахоҳӣ Дилам Туро Нагузорад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Агар маро ту нахоҳӣ, дилам туро нагузорад,
Ту ҳам ба сулҳ гаройӣ, агар Худо бигуморад!
Ҳазор ошиқ дорӣ ба ҷону дил нигаронат,
Ки то саъодату давлат киро ба тахт барорад!
Зи ишқи ошиқи муфлис аҷаб фитанд лаъимон,
Ки он-ч рашки шаҳон шуд, гадо умед чӣ дорад?!
Аҷаб мадор зи мурда, ки аз Худо талабад ҷон,
Аҷаб мадор зи ташна, ки дил ба об супорад!
Аҷаб мадор зи кӯре, ки нури дида биҷӯяд
Ва ё зи чашми асире, ки ашки ғурбат борад!
Зи бас дуъо, ки бикардам, дуъо шудаст вуҷудам,
Ки ҳар ки бинад рӯям, дуъо ба хотир орад.
Салому хидмат кардам, маро бигуфт, ки чунӣ?!
Муҳимми мис чӣ барояд, чу кимиё нагузорад?!
Чи гуна бошад сурат?! Ба вафқи фикри мусаввир!
Чи гуна май шавад ангур, гар кафаш нафишорад?!
:: ADVERTISEMENTS ::
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.