Агар Дастам Диҳад Рӯзе, Ки Инсоф Аз Ту Бистонам,

Агар дастам диҳад рӯзе, ки инсоф аз ту бистонам,
Қазои аҳди мозиро шабе дасте барафшонам.
Чунинат дӯст медорам, ки гар рузе фироқ афтад,
Ту сабр аз ман тавонй карду ман сабр аз ту натвонам!
Дилам сад бор мегӯяд, ки чашм аз фитна барҳам неҳ!
Дигар раҳ дида меафтад бар он болои фаттонам.
Ту андар бӯстон бояд, ки пеши сарв биншинӣ,
Вагарна богбон гӯяд, ки дигар сарв наншонам!
Рафиқонам сафар карданд: ҳар ёре ба ақсое,
Хилофи ман, ки бигрифтаст доман дар муғилонам.
Фироқат сахт меояд, валекин сабр мебояд,
Ки гар бигрезам аз сахтӣ, рафиқи сустпаймонам!
Мапурсам: «Дӯш чун будӣ ба торикию танҳоӣ?»
Шаби ҳаҷрам чй мепурсй, ки рӯзи васл ҳайронам!
Шабон оҳиста менолам, магар дардам ниҳон монад,
Ба гӯши ҳар ки дар олам расид овози пинҳонам.
Даме бо дӯсг дар хилват – беҳ аз сад сол дар ишрат,
Ман озодй намехоҳам, ки бо Юсуф ба зиндонам!
Ман он мурги сухандснам, ки дар хокам равам сурат,
Ҳанӯз овоз меояд, ки «Саъдӣ, дар гулистонам!»
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.