Агар Ба Мазҳаби Ту Хуни Ошиқ Аст Мубоҳ,

Агар ба мазҳаби ту хуни ошиқ аст мубоҳ,
Салоҳи мо ҳама он аст, к-он турост салоҳ.
Саводи зулфи сиёҳи ту ҷоилуззулмот.
Баёзи рӯи чу моҳи ту фолиқуласбоҳ.
Зи чини зулфи камандат касе наёфт халос
Аз он камончаи абрӯву тири чашми наҷоҳ.
Зи дидаам шуда як чашма дар канор равон,
Ки худ шино накунад дар миёни он маллоҳ.
Лаби чу оби ҳаёти ту ҳаст қуввати ҷон,
Вуҷуди хокии моро аз ӯст лаззати роҳ.
Бидод лаъли лабат бӯсае ба сад зорӣ,
Гирифт ком дилам з-ӯ ба сад ҳазор илҳоҳ.
Дуои ҷони ту вирди забони муштоқон,
Ҳамеша то ки бувад гардиши масоу сабоҳ.
Салоҳу тавбаву тақво зи мо маҷӯ, Ҳофиз
Зи ринду ошиқу маҷнун касе наёфт салоҳ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.