Агар Ба Бодаи Рангин Дилам Кашад, Шояд,

Агар ба бодаи рангин дилам кашад, шояд,
Ки бӯи хайр зи зӯҳди риё намеояд.
Ҷаҳониён ҳама гар манъи ман кунанд аз ишқ,
Ман он кунам, ки ҳудованди кор фармояд.
Тамаъ зи файзи каромат мабур, ки хулқи карим
Гунаҳ бибахшаду бар ошиқон бибахшояд.
Муқими ҳалқаи зикр аст дил бад-он уммед,
Ки ҳалқае зи сари зулфи ёр бикшояд.
Туро, ки ҳусни Худодода ҳасту ҳаҷлаи бахт,
Чӣ ҳоҷат аст, ки машшотаат биёрояд?
Чаман хуш асту ҳаво дилкаш асту май беғаш,
Кунун ба ҷуз дили хуш ҳеҷ дарнамебояд.
Ҷамилаест арӯси ҷаҳон, вале ҳуш дор,
Ки ин мухаддара дар ақди кас намеояд.
Ба ханда гуфт, ки:— Ҳофиз, Худойро маписанд,
Ки бӯсаи ту рухи моҳро биёлояд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.