Агарчи сӯхтам, як шуъла рухсори ту мехоҳам, – Лоик Шерали

Агарчи сӯхтам, як шуъла рухсори ту мехоҳам,
Хуморолудаам, чашмони айёри ту мехоҳам.
Туӣ танҳову ман танҳо, ду танҳоем дар дунё,
Ҳама дору надорамро нигаҳдори ту мехоҳам.
Агар як лаҳза беоташ зиям, хокистарам пиндор,
Ман оташзодаам, ишқи шарарбори ту мехоҳам.
Ту оҳанги вуҷуди ман, дуруди ман, суруди ман,
Ба ҳар зарби сурудам ҷазби гуфтори ту мехоҳам.
Агар озурдамат боре пушаймонам, пушаймонам,
Умеди охиринам, боз дидори ту мехоҳам.
Тиҳӣ гардад агар паймонаи умрам ба сад афсӯс,
Лаби ту, хандаи ту, меҳри саршори ту мехоҳам.
Барад гар хоби маргам, боз ҳам аз қаъри гӯри сард
Баҳори рӯзгору бахти бедори ту мехоҳам…
[1982]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.